734012, ш. Душанбе,
кӯчаи Умед,27

Материалы

Автор: Сармаъмур
Просмотров: 14542

М А Ъ Л У М О Т Н О М А                                                         

 

Солиев  Алишер Алижонович                                                                 

Аз 01.03.2024 дар мансаби директор кор мекунад

Соли таваллуд – 24.05.1973       Ҷои таваллуд - шаҳри Душанбе

Миллат - тоҷик                                           Таҳсилот - олӣ                      

 

Соли 1980 ба синфи 1-ум МТМУ №60-и ш. Душанбе, соли 1984 ба мактаби мусиқии №2-и ш. Душанбе ба ихтисоси сози кларнет, соли 1985 МТМУ №17-и ш. Душанбе гузашта онро баъд аз синфи 8-ум соли 1988 ба Коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуда, онро соли 1992 хатм намудам. Соли 1992 ба Донишкадаи Давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам ва соли 1995 таҳсилро дар Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ давом дода, онро соли 1997 хатм намудам. Соли 1997 то соли 2003 дар ш. Тошканд дар Театри драмавии мусиқии ба номи Муқимӣ ҳамчун артисти оркестр кор кардаам. Соли 2003 ба Филармонияи  давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев ба ҳайси артисти оркестр ба кор қабул шудам. Соли 2006 ба Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии Ҷумҳуриявии ба номи М. Аттоев ба ҳайси омӯзгори сози кларнет ба кор даромадам. Соли 2012 бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Театри академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ таъин шудам. Соли 2013 бо квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Санкт-Петербург ба Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Красанов равон шудам. Ба ихтисоси дирижёри оркестри симфонӣ дохил шуда, онро соли 2018 хатм намудам. Солҳои 2013 то соли 2017 дар Театри академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба ҳайси дирижёри оркестр кор кардам. Соли 2017 ба оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси дирижёри оркестр ба кор қабул шудам ва соли 2018 ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ҳайси сардирижёри оркестри симфонӣ то 1-уми марти соли 2024 кор кардам.

 

         Аз санаи 1-уми марти соли 2024 бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов таъин шудам.

 

          Оиладор:

 

-         Ҳамсарам- Солиева Марҳабо 07.01.1979- катбону

 

-         Писарам- Солиев Рустам 06.05.2001- донишҷӯ

 

-         Писарам- Солиев Муҳаммад 25.10.2002- донишҷӯ

 

-         Духтарам- Солиева Шукрона 18.12.2008- хонандаи мактаб

 

-         Модарам- Солиева Роза 27.03.1943- нафақахур

Бародарам- Солизода Олимҷон     Директори оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория:

2025 © МД "КОЛЛЕҶИ САНЪАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НОМИ А.БОБОҚУЛ" All Rights Reserved.