734012, ш. Душанбе,
кӯчаи Умед,27

Автор: Сармаъмур
Просмотров: 1417

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов»

 

Қабули донишҷўёнро

 

барои соли таҳсили 2020 – 2021 аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

   -- Мусиқишиносӣ

     -- Фортепиано

   -- Дирижёри хори академӣ

     -- Созҳои тории оркестрӣ (скприпка, алт, виолончел, контрабас)

     -- Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ (флейта, гобой, кларнет, фагот, валторна, труба, тромбон, созҳои зарбӣ)

     -- Созҳои оркестри халқӣ (най, қушнай, чанг, қонун, рубоб, рубоби прима, рубоби  бадахшонӣ, рубоби бас, дутор, танбур, уд, дойра, ғиҷҷак, ғиҷҷаки алт, баян- аккордеон)

     -- Сурудхонии академӣ

     -- Сурудхонии анъанавӣ

     -- Режиссура (ороиши сабти овоз)

     -- Санъати эстрада (мусиқии созӣ)

     -- Санъати эстрада (сурудхонӣ)

    

         Ба Коллеҷи санъат онҳое қабул карда мешаванд, ки маълумоти мусиқӣ ва маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ (синфи 9), инчунин маълумоти умумии асосӣ (синфи 11-ро) доранд. Ба таври истисно, бе маълумоти ибтидоии мусиқӣ онҳое қабул карда мешаванд. ки қобилияти хуби шунавоӣ ва зарби мусиқӣ, инчунин  хотироти мусиқӣ доранд.  

             Мухлати таҳсил – Рўзона 4 сол (синфи 9) ва 3 сол (синфи 11), ғоибона 3 сол (синфи 11), буҷавӣ ва шартномавӣ. Ғоибона - танҳо шартномавӣ ва дар асоси маълумоти умумии асосӣ (синфи 11). Таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

                                                    

Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

 

          1.Ихтисос - (иҷрои барнома, суруд, зарб, хотироти мусиқӣ ва шунавоӣ,ҳофизаи мусиқӣ).

     2.Забони модарӣ - (диктант)

       3. Солфедҷио (танҳо барои нафароне, ки маълумоти мусиқӣ доранд)

       4. Таърих (танҳо барои синфҳои 11)

                                      

Ҳуҷҷатҳо барои қабул:

1.Ариза ба номи директор.

2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, ё умумӣ (намунаи асл).

3.Шиноснома (ё шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.

4.Маълумотномаи тиббӣ. (шакли № О86 - у)

     5.Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва аҳли оила.

     6. 6 - адад   расм (андозаи 3х4 см.)

     7. Шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.

     8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои шуъбаи Ғоибона)

 

Қабули ҳуҷҷатҳо - аз 1 июл то 10 август.       Консултатсияҳо - аз 5 август.

Имтиҳонҳои дохилшавӣ - аз 11 август.

Нишонии мо: ш. Душанбе, кўчаи Умед, 27 (назди маркази савдои “Садбарг”)

Тел.227- 84- 51; 227- 34- 33; 902 22 22 57; 93 103 40 41.

                                                                                                      КОМИССИЯИ ҚАБУЛ

Категория:

2025 © МД "КОЛЛЕҶИ САНЪАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НОМИ А.БОБОҚУЛ" All Rights Reserved.