Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов»
Қабули донишҷўёнро
барои соли таҳсили 2020 – 2021 аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
-- Мусиқишиносӣ
-- Фортепиано
-- Дирижёри хори академӣ
-- Созҳои тории оркестрӣ (скприпка, алт, виолончел, контрабас)
-- Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ (флейта, гобой, кларнет, фагот, валторна, труба, тромбон, созҳои зарбӣ)
-- Созҳои оркестри халқӣ (най, қушнай, чанг, қонун, рубоб, рубоби прима, рубоби бадахшонӣ, рубоби бас, дутор, танбур, уд, дойра, ғиҷҷак, ғиҷҷаки алт, баян- аккордеон)
-- Сурудхонии академӣ
-- Сурудхонии анъанавӣ
-- Режиссура (ороиши сабти овоз)
-- Санъати эстрада (мусиқии созӣ)
-- Санъати эстрада (сурудхонӣ)
Ба Коллеҷи санъат онҳое қабул карда мешаванд, ки маълумоти мусиқӣ ва маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ (синфи 9), инчунин маълумоти умумии асосӣ (синфи 11-ро) доранд. Ба таври истисно, бе маълумоти ибтидоии мусиқӣ онҳое қабул карда мешаванд. ки қобилияти хуби шунавоӣ ва зарби мусиқӣ, инчунин хотироти мусиқӣ доранд.
Мухлати таҳсил – Рўзона 4 сол (синфи 9) ва 3 сол (синфи 11), ғоибона 3 сол (синфи 11), буҷавӣ ва шартномавӣ. Ғоибона - танҳо шартномавӣ ва дар асоси маълумоти умумии асосӣ (синфи 11). Таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.
Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:
1.Ихтисос - (иҷрои барнома, суруд, зарб, хотироти мусиқӣ ва шунавоӣ,ҳофизаи мусиқӣ).
2.Забони модарӣ - (диктант)
3. Солфедҷио (танҳо барои нафароне, ки маълумоти мусиқӣ доранд)
4. Таърих (танҳо барои синфҳои 11)
Ҳуҷҷатҳо барои қабул:
1.Ариза ба номи директор.
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, ё умумӣ (намунаи асл).
3.Шиноснома (ё шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
4.Маълумотномаи тиббӣ. (шакли № О86 - у)
5.Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва аҳли оила.
6. 6 - адад расм (андозаи 3х4 см.)
7. Шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои шуъбаи Ғоибона)
Қабули ҳуҷҷатҳо - аз 1 июл то 10 август. Консултатсияҳо - аз 5 август.
Имтиҳонҳои дохилшавӣ - аз 11 август.
Нишонии мо: ш. Душанбе, кўчаи Умед, 27 (назди маркази савдои “Садбарг”)
Тел.227- 84- 51; 227- 34- 33; 902 22 22 57; 93 103 40 41.
КОМИССИЯИ ҚАБУЛ