Автор: Сармаъмур
Просмотров: 8304

28.02.2020 Имрӯз кормандони мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов вохӯрӣ анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки кормандони мақомоти мазкур дар мавзӯи ҷавонон ва ташаккули худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ бо донишҷӯён суҳбат намуданд. Сараввал мутахассиси пешбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломов М., оид ба мавзӯи болозикр маъруза намуда, иброз доштанд, ки имрӯз зарурат пеш омадааст то ҷавонони зодаи истиқлол зиракии худро аз даст надода, дар таҳким ва ташаккули худшиносии миллӣ саҳмгузор бошанд ва барои ҳифзи фарҳанги миллии хеш талош кунанд, зеро ҷавонон қувваи бузурганд ва маҳз онҳо метавонанд фарҳанги ниёгонро ҳифз намуда, онро ба насли минбаъда, аз худ, ба мерос гузоранд. Ҳамчунин, корманди мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Саидмуҳаммад доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ суханронӣ намуда, баён намуданд, ки ҷавонон ҳангоми истифода намудани шабакаҳои интернетӣ эҳтиёткор бошанд то дар доми мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ гирифтор нашаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мавзӯи пешниҳодшуда аз тарафи ҳозирин дар беҳтарин сурат баррасӣ гардид.

Категория: