734012, ш. Душанбе,
кӯчаи Умед,27

http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0485gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0185gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0585gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0785gk-is-118.JPGlink
0 1 2 3
Progress bar
Э Ъ Л О Н: +++ +++
Автор: Сармаъмур
Категория:

ГУЛЧИНИ ОСОР (Интихоб ва таҳияи Бобобек Азизмуродзода Раҳимӣ)     сабт

2

2

2

2

2

2

2

2

Автор: Сармаъмур
Категория:

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004, №5, мод.345; соли 2005, №12, мод. 655; соли 2006, №12, мод. 546, соли 2008, №6, мод. 465; соли 2009, №3, мод.81; № 5, мод.336; №7-8, мод. 500; Қонуни ҶТ аз 25.03.11с. №709)

Маҷлиси намояндагон 14-уми апрели соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракунӣ, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқӣ мебошад.

БОБИ 1.
Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
маориф – раванди бомароми таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки дар он соҳиби меъёри муайяни таҳсилот гардидани шаҳрвандро давлат муқаррар кардааст;
соҳиби таҳсилот – ба меъёри муайяни таҳсилот соҳиб шудани шаҳрванд мебошад, ки бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда мешавад;
системаи маориф – маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот, шабакаи муассисаҳои таълимии амалкунанда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мақомоти идораи маориф, муассисаю ташкилотҳои он, хонандагон ва тарбиягирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои зерсохторӣ ва дигар унсуре мебошанд, ки барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона муттаҳид гардида, ба татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва зиёд кардани саҳми соҳаи мазкур дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ равона карда мешаванд;
муассисаи таълимӣ - шахси ҳуқуқие, ки раванди таълимро ба роҳ мемонад, яъне як ё якчанд барномаҳои таълимро амалӣ мегардонад ва (ё) тарбияи хонандагон, тарбиягирандагонро таъмин мекунад;
муассисаи таълимии махсус – муассисае мебошад, ки дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгорӣ буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд;
таҳсилоти муттасил – имконоти таҳсил ва баланд бардоштани ихтисос дар давоми тамоми ҳаёти инсон;
- таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии ҷараёни таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бевоситаи муаллим бо хонанда имконпазир мегардонад; (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
машғулияти инфиродӣ – машғулияти омӯзгор бо хонанда ё донишҷӯ бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим;
саводнокӣ – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилооти маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан барои дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хаттӣ;
омӯзгори инфиродӣ – омӯзгоре, ки ба хонандагон ва ё донишҷӯён ба таври инфиродӣ, берун аз вақти корӣ дар мактаб ва ё донишгоҳ таълим медиҳад;
натиҷаи таълим – дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки хонанда дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ ҳосил кардааст;
шакли таҳсил – тартиби ташкили таълим буда, таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ ва экстернатро дар бар мегирад;
таҳсилоти иловагӣ – ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши илми муосир, техника ва технологияи нав, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ғайра, ки онро шахс ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди дарёфти диплом низ метавонад касб намояд;
- аккредитатсияи давлатӣ – тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълим; (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
аттестатсия – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- экстернат – омўзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ; (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳсил кардаанд;
корманди соҳаи омӯзгорӣ – шахсе, ки ба тарбияю таълими хонандагон дар асоси касбӣ машғул аст, аз ҷумла шахси соҳаи хизматрасонӣ, ки ба раванди таълим бевосита ворид мешавад;
ординатор – табибе, ки курси такмили ихтисосро таҳти роҳбарии профессор дар аспирантураи тиббӣ (ординатура) мегузарад;
интернатура – шакли баъди дипломии таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси табибон дар муассисаи табобатӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои бартариятнок эълон менамояд.
Давлат барои амалӣ гардидани сиёсати таҳсилот системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, фаъолияти онро барои таъмини ҳуқуқи таҳсили шаҳрвандон равона мекунад.
Асоси ташкилии сиёсати давлат дар соҳаи маориф барномаи рушди маориф мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади рушди маориф ҳамоҳангии фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.
Дар мақомоти идораи маориф, дар муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) онҳо таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:
бартарии маориф дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
дастраси умум будани таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун гирифтани меъёрҳои минбаъдаи таҳсил;
моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, рушди озодонаи шахс;
эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, ҳимоя ва рушди фарҳанги миллӣ, анъанаҳои миллӣ дар заминаи маориф;
ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идораи соҳаи маориф;
соҳибихтиёрии муассисаҳои таълимӣ;
муттасил будани  таҳсилот, муносибати ҳамгуни давлат ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ки системаи ягонаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;
мувофиқати маориф ба талабот ва вазифаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
тамоюли рушди системаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таъмини иттилоотии маориф.

Моддаи 5. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф
Вазифаҳои асосии қонунгузорӣ дар соҳаи маориф аз инҳо иборатанд:
ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил;
таъмини кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
муқаррар намудани салоҳият, ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, танзими ҳуқуқии масъалаҳои инкишофи он ва муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия.

Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.
Маҳдуд намудани ҳуқуқи таҳсили касбии шаҳрванд аз рӯи нишонаҳои ҷинсӣ, синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо танҳо дар асоси талаботи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс инчунин метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот  дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ гирад, агар шаҳрванд таҳсилоти меъёри мазкурро бори аввал соҳиб бошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ ва экстернат) ҳуқуқ доранд.
Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро махсусан  дастгирӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот кӯмак мерасонад, аз ҷумла барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
Давлат таъминоти кӯдакону наврасони ятиму бепарасторро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти умумии  асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.
Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 7. Забони таҳсил

Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи системаи маориф, ба забони модарӣ гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.
Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон ва стандартҳои давлатии таҳсилот танзим мегардад.
Таълими забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техникаи муосир, таъмини серҳаракатии касбӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ стандартҳои давлатии таҳсилот ҷорӣ карда мешаванд, ки онҳо нишондодҳои  зеринро дар бар мегиранд:
ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои марбутаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;
ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии хонандагон;
талаботи асосӣ ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;
мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;
ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёри марбутаи таҳсилот.
Иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои  ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли гирифтани таҳсилот, ҳатмӣ мебошад.
Барои талабагоне, ки дар муассисаҳои махсус таълим мегиранд, мумкин аст стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ муқаррар карда шаванд.
Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ, мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф анҷом медиҳад.
Барномаҳои таълимӣ мазмуни меъёри марбутаи таҳсилотро муайян мекунанд. Ба барномаҳои таълимӣ барномаҳои зерин тааллуқ доранд:

  • таҳсилоти томактабӣ;
  • таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
  • таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
  • таҳсилоти олии касбӣ;
  • таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
  • таҳсилоти иловагӣ;
  • таҳсилоти махсус.

Мӯҳлати меъёрии омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ Қонуни мазкур ва стандарти дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)

БОБИ 2.
Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 9. Сохтори системаи маориф

Системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи зерин иборат аст:

  • стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ;
  • шакл ва дараҷаи меъёри гирифтани таҳсилот;
  • шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
  • мақомоти идораи маориф ва муассисаю ташкилотҳои соҳаи маориф;
  • хонандагон ва тарбиягирандагон (намояндагони қонунии онҳо);
  • омӯзгорон ва дигар кормандон.

Дар системаи маориф имкон дорад сохторҳои дигаре, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста мебошад, таъсис дода шаванд.
Моддаи 10. Сохтори муассисаҳои таълимӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ намудҳои муассисаҳои зерин тааллуқ доранд:
томактабӣ;

  • таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);
  • таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ; таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
  • таҳсилоти иловагӣ;
  • таҳсилоти махсус;
  • муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор;
  • муассисаҳои дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд.

Муассисаҳои таълимӣ метавонанд вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ройгон ва пулакӣ бошанд.
Андозаи маблағи таҳсилро, аз ҷумла пулакиро, муассисаҳои таълимӣ дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва идораҳои марбута муайян мекунанд.

Моддаи 11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимӣ
Муассисаҳои таълимии давлатӣ бо қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) таъсис меёбанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
Муассисаҳои таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ доранд, танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, бо қарори шӯрои муассисон (шӯрои сарпарастон), бо ташаббуси шахси (шахсони) алоҳида ё дигар мақомоти соҳибҳуқуқ таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузаранд.
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба сохтори мақомоти маҳаллии идораи маориф гузаронидани муассисаи таълимии давлатӣ танҳо бо ризоияти мақомоти мазкур сурат мегирад.
Муассисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)

Моддаи 12. Тартиби бақайдгирии муассисаҳои таълимӣ
Барои бақайдгирии муассисаҳои таълимӣ муассис ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аризаи бақайдгирӣ, қарори муассис (муассисон) ё шартномаи марбутаи муассисонро дар бораи таъсиси муассисаи таълимӣ, оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.
ҳуқуқи муассисаи таълимӣ дар қисмати идораи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии муассисаи марбута ба ҳукми амал медарояд.

Моддаи 13. Тартиби фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
Ба муассисаҳои таълимие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаро пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ ва истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузориро пайдо менамоянд.
Тартиби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)

Моддаи 14. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ
Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:
мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф;
иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои)  муассисаҳои таълимӣ;
фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ;
дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ.
Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии муштарак таъсис диҳанд.
Муассиси ҳама навъҳои муассисаҳои таълимии ҳарбӣ танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

Моддаи 15. Оинномаи муассисаи таълимӣ
Оинномаи муассисаи таълимӣ инҳоро дар бар мегирад:
ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми  муассиса;
муассис (муассисон);
шакли ташкилию ҳукуқӣ ва моликият;
маълумот оид ба филиалу намояндагиҳо; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла: забони таълим, тартиби қабул ва хориҷ намудани хонандагону донишҷӯён, аспирантҳо, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, хизматрасонии пулакии таълим  ва тартиби пешниҳоди он;
тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ ва талабагон ё падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо;
сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла: тартиби истифодаи объектҳои моликият, ки аз ҷониби муассис (муассисон) ба муассисаи таълимӣ вобаста карда шудаанд, манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии муассиса, тартиби ташаккули моликияти муассисаи таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, навъҳои фаъолияти соҳибкории муассис ва фаъолияти пулакии муассисаи таълимӣ;
тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла: салоҳияти муассис, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи таълимӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандони муассиса ва шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;
ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни раванди таълим;
феҳристи санадҳои дохилӣ (фармонҳо, амрҳо ва ғайра), ки фаъолияти муассисаи таълимро ба танзим медароранд.
Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақомоти идораи дастаҷамъӣ, тартиби ташкил ва ваколатҳои онро пешбинӣ намояд.
Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро  муассис тасдиқ менамояд.

Моддаи 16. Таълиму тарбияи томактабӣ
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи фарзандони худ масъуланд ва таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар даврони кӯдакӣ ва синни томактабӣ бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ ташкил карда мешаванд.
Муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномаи байни онҳо танзим карда мешаванд.
Омода намудани кӯдакон ба мактаб дар оила ва муассисаҳои томактабӣ ҳатмӣ мебошад.
Мураббиёни муассисаҳои томактабӣ аз рӯи мақом ва музди меҳнат ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ баробар мебошанд.
Давлат муассисаҳои томактабиро аз нигоҳи моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрас будани хизматрасонӣ, тарбия ва таҳсилоти томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.

Моддаи 17. Таҳсилоти умумӣ
Таҳсилоти умумӣ аз се зина (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ) иборат буда, тавассути мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои умумии асосӣ, мактабҳои миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳо амалӣ мегардад. Зинаҳои мазкур  мустақилона ё мувофиқан дар таркиби  мактабҳои умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳо ташкил дода мешаванд.
Синну сол ва мӯҳлати таҳсилро дар ҳар зинаи таълим Қонуни мазкур ва низомномаи муассисаи таҳсилоти умумӣ муайян мекунад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 634)
Гимназия ва литсей муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти онҳо аз рӯи Низомномае, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад, амалӣ мегардад.
Ба синфи якуми мактаби ибтидоӣ ҷалб кардани кӯдаконе, ки  ба синни ҳафтсола расидаанд, ҳатмист (Ба синфи якуми мактаби ибтидоӣ ҷалб кардани кӯдаконе, ки  ба синни шашсола расидаанд, ҳатмист (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад).
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо тарзи рўзона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 16 – солагӣ дар муассисаҳои рӯзонаи таълими умумӣ ба таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) ҳуқуқ доранд (Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои рӯзонаи таълими умумӣ  ба таҳсилоти умумии асосӣ (даҳсола) ҳуқуқ доранд (ҚҶТ аз 21.07.10. №634 аз 1.09.2011 мавриди амал қарор дода шавад).

Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи наврасон сурат мегирад. ҳангоми ба зинаи сеюм гузаронидани хонандагон бо қарори мақомоти идораи муассисаи таълимӣ имкон дорад имтиҳон ҷорӣ карда шавад.
Таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумии муассисаҳои таълимии давлатӣ имкон дорад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ сурат гирад.
Таълими миёнаи умумӣ бо гирифтани имтиҳон ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли имтиҳонро мақоми давлатии идораи маориф муқаррар мекунад.
Бо қарори мақоми идораи муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти шаҳрӣ, ноҳиявии идораи маориф барои мунтазам содир намудани амалиёти ғайриқонунӣ ва вайрон намудани оинномаи муассисаи таълимӣ имкон дорад хонандагони синну солашон ба 17 расида аз мактаб хориҷ карда шаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
Қарори мазкур нисбати кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти васояту парасторӣ қабул карда мешавад.
Мақомоти маҳаллии идораи маориф бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба мактаби дигар гузаронидани чунин хонандагонро ҳал менамояд.
Тарбия ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар мактабҳои таҳсилоти умумии муқаррарӣ ё дар хонаи бачагон, мактаб – интернатҳо ташкил карда мешавад.
Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбиро низ ташкил кардан мумкин аст.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзӣ иҷозатнома (литсензия) доранд, метавонанд дар асоси шартнома бо ташкилотҳо тайёрии ибтидоии касбии хонандагонро ҳамчун хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакӣ, ба роҳ монанд.
Тайёрии ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ дар ҳар ҳолат танҳо бо розигии хонандагон ва падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо ташкил карда мешавад.
Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рўи барномаи таълимие, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад. (Қ ҶТ аз  5.08.09с, №545).

Моддаи 18. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандон мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар заминаи таҳсилоти умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути литсейҳои касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ, омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ, комбинатҳои таълимӣ, марказҳо ё дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар дода мешавад.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ надоранд, ба курсҳои таълимӣ барои гирифтани касб қабул карда мешаванд.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида имкон дорад дар заминаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ гардонда шавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар мактабҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳид, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, гирифтан мумкин аст.
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ шаҳрвандон метавонанд барномаҳои таълими миёнаи умумиро низ омӯзанд.

Моддаи 19. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Шаҳрвандон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (техникумҳо, омӯзишгоҳҳо, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар) дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ихтисос гиранд. Хатмкардагони чунин муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти миёнаи касбӣ мегиранд.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ низ гиранд.
Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол ва  барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 2 сол муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсили чунин шаҳрвандонро дар муассисаи олии касбӣ мақомоти идораи муассисаи мазкур дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.

Моддаи 20. Таҳсилоти олии касбӣ
Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва коллеҷҳои мактабҳои олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, амалӣ гардонда мешавад.
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси  озмун ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти дуюми олӣ гиранд.
Таҳсилоти олии касбӣ тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба инҳо баробар гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо дар баробари филиалҳо метавонанд воҳидҳои дигари сохторӣ-донишкадаҳо ва академияҳои таълимӣ дошта бошанд.
Муассисаҳои олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли комплексҳои таълимию илмӣ ё таълимии илмию истеҳсолӣ вуҷуд дошта метавонанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо мақсади аз ҳисоби донишҷӯён тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил кардан мумкин аст. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ дохил мебошанд.
Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи низомномаи махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 21. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият  медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии таълимӣ  инкишоф диҳанд.
Барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии таълимӣ ва муассисаҳои илмие, ки дорои манбаи илмӣ, заминаи лозимии моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд магистратура, аспирантура (ординатура), докторантура ва вазифаи ходимони илмиро ҷорӣ намоянд.
Тавассути сохторҳои мазкур таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дарёфт кардан мумкин аст.
Фаъолияти илмӣ дар сохторҳои мазкури муассисаҳои таҳсилоти олии таълимӣ  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 22. Таҳсилоти иловагӣ
Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ соҳиб шуда метавонад.
Таҳсилоти иловагӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии муқаррарӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад.
Ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:
академияҳои хурди илмӣ, қасрҳо, стансияҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон;
мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон;
мактабҳои ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;
курсҳои дӯзандагӣ, наққошӣ, ронандагӣ;
муассисаҳои солимгардонӣ ва дигар муассисаҳо.
Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.
Таҳсилоти иловагӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии давлатӣ ройгон аст.
Таҳсилоти иловагӣ, ки хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, тибқи шартнома пулакӣ ташкил карда мешавад.
Мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар асоси Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)

Моддаи 23. Таҳсилоти махсус
Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия, таҳсил ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад, таъмин менамояд.
Барои кӯдакон ва наврасоне, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, мактабҳои таълими умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории бачагона ташкил карда мешавад.
Барои кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ки дар мактабҳои таълими умумии муқаррарӣ имкони таҳсил надоранд, мактабҳои махсуси таълими умумӣ, мактаб-интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мактабҳои мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии ҳамин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.
Ташхиси кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳиро дар ҳузури падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, мегузаронанд.
Барои наврасони аз 10 – сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия мӯҳтоҷанд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, муассисаҳои мухталифи махсуси таълиму тарбия, ки офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешавад. Ба муассисаҳои мазкур наврасон бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё бо қарори суд равон карда мешаванд.
Таҳсилоти махсус дар асоси нақша, барнома ва технологияи муосири таълим, ки вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ, рӯҳии кӯдакону наврасон таҳия мегарданд, ҷараён мегирад.
Мӯҳлати таълими махсуси умумии ҳатмиро мақомоти давлатии идораи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ, рӯҳии кӯдакону наврасон муайян мекунанд.
Таҳсилоти касбии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкардагон мувофиқ мебошанд, дар мактабҳои махсус ё дар мактабҳои муқаррарии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад.
Тарбия ва таҳсили кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти махсус ройгон аст.

Моддаи 24. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи ниҳоӣ мегузаранд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳоро медиҳанд:
шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони мактабҳои умумии асосӣ (синфи 9) (шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони мактабҳои умумии асосӣ (синфи 10), (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад).
шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ (синфҳои 11(12) (шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ (синфҳои 12(13), (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад).

шаҳодатнома дар бораи  касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) ба шахсоне, ки аз рӯи муқаррароти пешбинишуда касб омӯхтаанд; 
диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ – барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр).
Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ (рисолаи илмӣ, маҷмӯи корҳои илмӣ) бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.
Аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос, дотсенти кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими калони илмӣ дода мешавад.
Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, гувоҳнома (справка) ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад.
Хонандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9–ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои аъло таҳсил намуда, имтиҳоноти хатмкуниро бо баҳои аъло супорида ва дорои рафтори намунавианд, бо медали тилло мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад (Хонандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки синфи 10–ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад) ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 11, 12,(13) бо баҳои аъло таҳсил намуда, имтиҳоноти хатмкуниро бо баҳои аъло супорида ва дорои рафтори намунавианд, бо медали тилло мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад).
Ба хатмкунандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9–ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10,11(12) бо баҳои аъло хонда, дорои рафтори намунавианд, лекин на бештар аз ду фан баҳои солонаи 4 (хуб) дошта, аммо аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии 5 (аъло) доранд ва имтиҳонҳои хатми синфи 11(12)– ро бо баҳои 5 (аъло) супоридаанд, бо медали нуқра мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад. Ба хатмкунандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки синфи 10–ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад) ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 11, 12 (13) бо баҳои аъло хонда, дорои рафтори намунавианд, лекин на бештар аз ду фан баҳои солонаи 4 (хуб) дошта, аммо аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии 5 (аъло) доранд ва имтиҳонҳои хатми синфи 12 (13)–ро бо баҳои 5 (аъло) супоридаанд, бо медали нуқра мукофотонида, ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад).
Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9) –ро бо баҳои аъло хатм мекунанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад (Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-10)–ро бо баҳои аъло хатм мекунанд, шаҳодатномаи аъло дода мешавад (ҚҶТ аз 21.07.10 №634, аз 01.09. соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад)
Ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии касбиро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дипломи аъло дода мешавад.
Тартиби пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хонандагон, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ба хатмкардагони муассисаҳои олии касбӣ дар баробари диплом нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда супурда мешавад.
ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи дараҷаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимии дахлдор тасдиқ шудааст, яке аз шартҳои асосии давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ нишондодашуда ҳуқуқ доранд ба фаъолияти касбӣ, аз ҷумла дар вазифаҳое, ки барои онҳо талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар гардидааст, машғул шаванд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, аз ҷумла хусусӣ, ба хатмкунандагони худ дар бораи хатм кардани ин муассиса намудҳои ҳуҷҷатҳоеро месупоранд, ки дар ҳамин модда номбар шудаанд ва онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд.
Муассисаҳои ғайридавлатӣ то замони аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро бо мӯҳр тасдиқ мекунанд ва ин ҳуҷҷат барои идомаи таҳсил ё барои бо кор таъмин шудан дар соҳаҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусии муносибатҳои ҷамъиятӣ баробари ҳуҷҷатҳои намунаҳои давлатӣ эътибор дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор дошта бошанд.
ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти давлатҳоеро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарэътирофии ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома надоранд, комиссияи нострификатсионии мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф санҷида, баробарарзишии (эквивалентнокии) онҳоро муайян менамояд.

Моддаи 25. Бо кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ
Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос бояд кор кунанд.

Моддаи 26. Ташкили раванди таълиму тарбия
Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро мустақилона ташкил карда, онро ба воситаи нақшаи таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо, ки мутобиқи нақшаи намунавии таълимии аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тартибдодашуда тасдиқ карда мешаванд, танзим менамоянд.
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф наметавонанд нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир диҳанд.
Дар муассисаи таълимӣ интизом дар асоси эҳтироми шаъну эътибори хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ба роҳ монда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ нисбати онҳо норавост.
Дар муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, манъ аст.
Дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ( ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ) овардан ва истифода бурдани телефонии мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҷониби донишҷў, докторант, аспирант, унвонҷў ва омўзгор истифода бурдани  теленфонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09, №488)
Падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон, тарбиягирандагон метавонанд бо рафти таълиму тарбия, инчунин бо баҳои хониши фарзандон шинос шаванд.
Дар системаи маориф имкон дорад хадамоти давлатии психологӣ, тиббию омӯзгорӣ амал кунад.

БОБИ 3.
Идоракунии системаи маориф

Моддаи 27. Мақомоти идоракунии системаи маориф
Идоракунии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъиятӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонда мешавад.
Мақомоти идоракунии системаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф;
вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд;
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
мақомоти маҳаллии идораи маориф.
Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши ӯ Шӯрои сарпарастон тибқи Низомномаи намунавии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)

Моддаи 28. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
роҳбарии самараноки соҳаи маорифро таъмин мекунад;
бо пешниҳоди вазорату идораҳо оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои махсуси таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он қарор қабул мекунад; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №709)
барномаҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалии инкишофи соҳаи маорифро таҳия, баррасӣ ва тасдиқ намуда, татбиқи ин  барномаҳоро аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;
тартиби  гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимиро муайян мекунад;
феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки бо тарзи экстернат гирифтани онҳо манъ аст, тасдиқ менамояд;
тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии дигар муассисаҳои таълимии давлатиро муқаррар менамояд;
феҳристи самт ва ихтисосҳои  таҳсилоти  касбиро муайян мекунад;
меъёри маблағгузории системаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатиро муайян мекунад;
ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатиро бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусиро тасдиқ мекунад;
ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муайян намуда, Низомномаи пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро тасдиқ мекунад;
андозаи ҳадди ақали меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, меъёр ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо ва стипендияро барои кормандони илмию омӯзгорӣ, хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо ва муҳаққиқони ба вазифаи ходимони илмӣ гузаронидашуда, андозаи маблағҳои таълими иловагиро муайян менамояд;
системаи ягонаи маълумоти омории соҳаи маорифро ташкил медиҳад.

Моддаи 29. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мегардонад;
раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, назорат  мекунад;
дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мутобиқи тартиби муқарраршуда шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад;
низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ низомномаҳоеро, ки фаъолияти муассисаҳои мазкурро танзим менамоянд, таҳия ва тасдиқ мекунад;
оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи сохтори Вазорат, Академияи таҳсилоти Тоҷикистонва сохторҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
барои фаъолияти таълимӣ  иҷозатнома (литсензия) медиҳад; 
стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
нақшаҳо ва барномаҳои таълимии намунавиро барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавӣ, назорат менамояд;
таҳия, тасдиқ ва нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводи таълимию методиро ташкил мекунад;
масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ ва ҳал  намуда, мазмун ва тартиби такмили ихтисоси кормандони соҳаи омӯзгориро муайян мекунад ва онҳоро аз аттестатсия мегузаронад;
дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба таъминоти моддию молиявии муассисаҳои таълимӣ, меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши вазифавии кормандони онҳо таҳия намуда, ба мақомоти болоӣ барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
бо мақсади муқаррар намудани мазмун, дараҷа ва сифати тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар ҳар  5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро ташкил менамояд;
тибқи натиҷаи  аттестатсияи давлатӣ бо мақсади муқаррар намудани мақоми (статуси) муассисаҳои таълимӣ дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро амалӣ мегардонад ва ба онҳо варақаи аккредитатсия медиҳад;
бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касбӣ, муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои махсуси сохтори вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 634)
роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
роҳбарони идораҳо ва шўъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳоро бо розигии хаттии раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
ба таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва  кушодани вазифаи ходимони илмӣ дар муассисаҳои олии касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистонва донишкадаи такмили ихтисос иҷозат медиҳад;
қоидаҳои умумии қабули хонандагон ва донишҷӯёнро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо, таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро таъмин менамояд;
дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ба роҳ мемонад;
бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии  кормандони соҳаи маорифро ташкил ва таъмин менамояд;
фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии соҳаи маорифро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёраш буда онҳоро маблағгузорӣ мекунад;
ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идораи маориф, муассисаҳои таълимиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавии онҳо, таъмин менамояд.

Моддаи 30. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи маориф
Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф:
оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи соҳаи худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таклиф пешниҳод менамоянд; (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд; (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)
раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи марбута таъмин мекунанд;
нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро ба роҳ мемонанд;
бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии сохтори худро ташкил ва таъмин менамоянд;
фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии сохтори худро таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд.

Моддаи 31. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;
мақомоти дахлдори давлатии идораи маорифро ташкил ва роҳбарии умумии онҳоро амалӣ менамоянд;
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва дигар мақомоти марбута таъсис, аз нав ташкил  ва барҳам медиҳанд;
буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети маориф ва фондҳои дахлдори инкишофи маорифро ташаккул дода, меъёрҳои маҳаллии маблағгузории системаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
шароити мусоиди инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маорифро таъмин менамоянд;
имтиёзҳои иловагиро бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди маориф муқаррар мекунанд;
аз ҳисоби маблағҳои худ меъёрҳои иловагӣ ва шаклҳои таъмини моддии хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимиро муқаррар мекунанд;
бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии  кормандони соҳаи омӯзгориро дар робита бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ташкил ва маблағгузорӣ менамоянд;
хонандагони (тарбиягирандагони) муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва (ё) имтиёзноки тиббӣ таъмин мекунанд.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти маҳаллии идораи маориф
Мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо:
муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, намояндагӣ мекунанд;
кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таҳсили онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ ташкил мекунанд;
васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон ё интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;
мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳаллӣ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд;
бо супориши мақомоти болоии идораи маориф аттестатсияи кормандони соҳаи маорифро гузаронда, ба онҳо дараҷаҳои тахассусӣ медиҳанд;
супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар муассисаҳои касбомӯзӣ, литсей ва коллеҷҳои касбомӯзии маҳаллӣ иҷро мекунанд;
роҳбарони муассисаҳои давлатии таълиму тарбияи томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва иловагиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва иловагӣ ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд;
оинномаҳои муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд;
такмили ихтисоси омӯзгоронро дар зинаи маҳаллӣ тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;
- дар доираи салоҳияти худ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия мегузаронанд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №529)

Моддаи 33. Салоҳияти муассисаҳои таълимӣ
Ба салоҳияти муассисаҳои таълимӣ дохил мешавад:
таҳияи лоиҳаи Оиннома;
таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
таҳия ва тасдиқи нақшаи кории таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;
ташаккул додани шумораи хонандагон ва тарбиягирандагон мутобиқи иҷозатнома (литсензия) барои ҳуқуқи фаъолияти таълимӣ, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
ташкил ва такмили таъмини методии раванди таълиму тарбия;
гузаронидани назорати зарурии сатҳи пешрафт дар таҳсил, аттестатсияи мобайнӣ ва ҷамъбастии хонандагон;
тасдиқи сохтори идораи муассисаи таълимӣ, ҷадвали вазифаю маош, тақсими ӯҳдадориҳои вазифагӣ;
муқаррар кардани иловаҳо ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ, тартиб ва андозаи мукофотпулӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
таъмини моддию техникӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи меъёрӣ;
ҷалб намудани манбаъҳои молиявӣ ва воситаҳои моддии иловагӣ барои иҷрои фаъолияти оинномавӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кори ҷузъу нуқтаҳои ташкилотҳои хӯроки умумӣ ва муассисаҳои тиббӣ, назорат ба кори онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии хонандагон, тарбиягирандагон ва кормандон;
саривақт ба хонандагону тарбиягирандагоне, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд, додани имтиёзҳои иловагӣ ва намудҳои таъминоти моддӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
мусоидат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон;
амалӣ намудани дигар фаъолияте, ки Оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ҳамчун қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ салоҳият ва аҳамият доранд.

Моддаи 34. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳо дар бораи  таъсиси онҳо амалӣ гардонда мешавад.
Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар сарвар иҷро мекунад.
Роҳбарони муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, иловагӣ ва махсус мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти марбутаи давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Тафриқаи салоҳиятҳои шӯрои муассисаи таълимӣ ва роҳбарии онро Оинномаи муассисаи таълимӣ танзим мекунад.
Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.
Дахолати мақомоти идораи давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, хоҷагидорию молиявӣ ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатӣ танҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

Моддаи 35. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои муассиси он идора карда мешавад.
Идоракунии бевоситаи муассисаи таълимии ғайридавлатиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои парасторон, ки муассис ташкил медиҳад, иҷро мекунад.
Салоҳияти шӯрои парасторон, тартиби идоракунии дохилии муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, инчунин қоидаи таъин ё интихоби роҳбари муассисаи марбута, салоҳияти онро муассиси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо ҳайати омӯзгорони он муайян мекунад.
Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон таъсис дода шуда, фаъолият мекунанд.

Моддаи 36. Худидоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои муассисаҳои таълимии давлатӣ,  шӯрои муассисаи таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон, илмӣ, илмию методӣ, директорон, ректорон, донишҷӯён, аспирантҳо, созмонҳои талабагон, кумитаҳои парасторон, мушоҳидон, падару модарон ва ғайра) тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонанд:
манфиатҳои омилҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва ифода намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд;
нақшаи фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро муайян менамоянд;
вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро назорат мекунанд.
Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ чун қоида намояндагони ҳайати профессорону муаллимон, донишҷӯён, аспирантҳо, хонандагон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, омузгорон дохил шуда метавонанд.

Моддаи 37. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф
Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси комёбиҳои илму техника, фарҳанг ва мутобиқи анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ  инкишоф ва такмил меёбад.
Мақомоти давлатии идораи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои педагогӣ, муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ комёбиҳои илму техника ва фарҳангро дар кори муассисаҳои таълиму тарбия ҷорӣ менамоянд.
Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи илмҳои педагогӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, институтҳои илмӣ– тадқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар мақомоти илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ширкатҳои комили дахлдор амалӣ мегардонанд.

БОБИ 4.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия

Моддаи 38. Субъектҳои  раванди таълиму тарбия
Субъектҳои раванди таълиму тарбия  инҳоянд:
тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо (ординаторҳо), докторантҳо, довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;
мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгорӣ;
ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон;
падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон ва хонандагон, мураббиёни хонаҳои бачагон;
намояндагони ташкилоту муассисаҳои заминавӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 39. ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия
ҳуқуқ ва ҳимояи субъектҳои раванди таълиму тарбия тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмкуниро дар муассисаҳои таълимии давлатии аккредитатсия дошта ба таври экстернат супоранд.
Шаҳрвандон метавонанд таҳсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд ва таҳсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд.
Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии) ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд, мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд.
Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимии давлатиро муассис бо стипендия, мададпулӣ, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббӣ ва солимгардонӣ ва дигар ёрии моддӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.
Аспирантҳо, докторантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағҳои тарафи фиристода таъмин карда мешаванд.
Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ҷои кор, шароити бехатарии меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.
Барои шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ мебошанд, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идораи маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит фароҳам меорад.
Маҷбуран аъзо намудани хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимӣ ба узвияти ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар ҷараёни маъракаҳои сиёсӣ манъ аст.
Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таълимӣ, мақомоти идоракунии маориф ва муассис ба муассисаҳои таълимии дигар гузаронидани хонандагону тарбиягирандагон ва донишҷӯёнро таъмин менамоянд.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии давлатӣ ба муассисаи дигари таълимӣ, аз ҷумла ғайридавлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос  мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.
Хонандагон, донишҷӯён, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои 4 (хуб)  ва 5 (аъло) супоридаанд, имкон доранд ба гурӯҳҳои марбутаи ройгон гузашта таҳсилро идома диҳанд.
Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои ройгон гузаронидани чунин хонандагон, донишҷӯёнро комиссияи марбутаи мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ғайридавлатӣ ба муассисаи дигари таълимӣ, аз ҷумла давлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.
Тартиби бо таври истисно аз як муассисаи таҳсилоти касбӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагону донишҷӯёнро, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро, мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.
Муассиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд, хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои хонандагон, тарбиягирандагону донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ таҳсил мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии иловагӣ аз ҷои кор, кам кардани рӯз ва ҳафтаи корӣ ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар ҳолати мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 40. Фаъолияти омӯзгорӣ
Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ буда, малакаи зарурии касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда сазовор будани корманд, меъёри ихтисос ва дараҷаи он муайян карда мешавад.
Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содирнамудаашон ба минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолиф аст, ба вазифаашон сазовор дониста намешаванд, ё худ омӯзгороне, ки  вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгорӣ мегардад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии рӯйхаташон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, бо фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданашон манъ карда шудааст, ба кори муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода намешаванд.
Тартиби пурра кардани ҳайати кормандони муассисаҳои таълимӣ бо оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 41. ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони соҳаи омӯзгорӣ, дигар кормандони соҳаи маориф
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ходимони илмӣ, дигар кормандони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин кормандони нашрияҳои маориф ҳуқуқҳои зайл доранд:
ҳимояи шараф ва шаъну эътибори касбӣ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос аз рӯи тартиби муқарраршуда, ташаббуси омӯзгорӣ ва густариши таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методу усулҳои самарабахши таълим, рухсатиҳои илмӣ барои такмили ихтисос;
иштирок дар идораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, таъминоти тиббӣ, табобат дар санаторияю истироҳатгоҳҳо, истифодаи ройгон ё имтиёзноки хадамоти умумӣ (коммуналӣ), ба истиснои қувваи барқ ва гази табиӣ дар шаҳру деҳот;
ба андозаи маоши вазифавии якмоҳа гирифтани кӯмакпулии тиббӣ ҳангоми рухсатии меҳнатии навбатӣ;
ба ҳавасмандгардонии маънавӣ барои комёбиҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас, мукофотонидан бо ордену медалҳо, гирифтани унвонҳои фахрӣ.
Кормандони омӯзгории соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи пардохти рухсатии бардавом истифода мекунанд.
Кормандони омӯзгорие, ки собиқаи кории бетанаффуси на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар  муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд. Ба омӯзгорони ҷавон шароити зисти зарурӣ таъмин карда мешавад.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ки бемории кӯҳна доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмӯҳлати то яксолаи бо пардохт ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмӯҳлат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонун дур кардани кормандони соҳаи омузгорӣ манъ аст.
Омӯзгорон ва дигар кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва  дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ вазифадоранд:
азхудкунӣ ва иҷрои барномаҳои таълимию илмиро дар сатҳи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот аз тарафи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо ва ғайраҳо таъмин намоянд;
ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон, хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром доштани падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон тарбия кунанд;
хонандагонро дар рӯҳи муносибати эҳтиёткорона ба сохти давлатию иҷтимоӣ, расму оинҳо, муҳити зист тарбия намоянд;,
одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда, донишҷӯро эҳтиром кунанд;
кӯдакону наврасонро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар кор баранд;
сатҳи маърифатии худро такмил дода, ба дараҷаи баланди фаъолияти касбӣ ноил шаванд.

Моддаи 42. Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) дар соҳаи маориф
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд), ҳуқуқ доранд:
барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия, шакли таълимро интихоб намоянд;
дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;
ба мақомоти давлатии идораи маориф  ва худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;
манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳимоя кунанд;
барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  талаб намоянд.
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) вазифадоранд:
барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;
ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;
фарзандонро дар рӯҳи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд;
ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд;
фарзандонро дар рӯҳи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.
Падару модаре (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), ки садди роҳи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 5.
Иқтисодиёти системаи маориф

Моддаи 43. Принсипҳо ва шароитҳои татбиқи фаъолияти молиявию хоҷагӣ дар системаи маориф
Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассисон ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.
Давлат ҳар сол барои фаъолияти системаи маориф маблағ ҷудо менамояд.
Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию  хоҷагӣ дода мешавад.
Муассисаи таълимӣ метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловагӣ, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва дигар фаъолият, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ҷалб намояд.
Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимӣ инҳо мебошанд:
даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ;
воридот аз иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки хусусияти илмӣ, илмию методӣ  доранд;
омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии кадрҳо дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси  шартнома;
фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории ҷумҳурӣ манъ накардааст ва агар онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд;
пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағҳое, ки аз ташкилотҳои  давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида ворид мешаванд;
қарзи бонкӣ ва ташкилотҳои кредитӣ.
Маблағи муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи Низомномаҳои намунавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва Оинномаи муассисаҳои таълимӣ истифода бурда мешаванд.
Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.
Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, низ тааллуқ доранд.
Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ки аз манбаъҳои манънашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор  муайян карда мешаванд.
Давлат ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таҳсили хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии асосии давлатӣ аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намоянд.

Моддаи 44. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ
Андозаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Музди кори омӯзгорию ташкилие, ки илова ба ӯҳдадориҳои вазифавӣ иҷро карда мешавад, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ пардохта мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу системаи пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони соҳаи омӯзгориро тибқи Кодекси меҳнат муқаррар намуда, шаклҳои тафриқа (дифференсиатсия) додашудаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд.
Меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони синфҳои ибтидоӣ нисбати меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони дигар ба андозаи 10 фоиз зиёд муқаррар карда мешавад.
Ба кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ ва кормандони нашрияҳои маориф бо мақсади рафъи эҳтиёҷашон ба китоб, маводи таълимию методӣ ва дигар воситаҳои худомӯзӣ ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифавӣ дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда музд пардохта мешавад.

Моддаи 45. Андозбандӣ дар соҳаи маориф
Муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳукуқӣ ва моликият, кормандони соҳаи омӯзгорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупоранд, аз андоз озод мешаванд ва ё аз имтиёзҳои андозбандӣ истифода мебаранд.
Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ ба системаи маориф давлат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунанд, андозҳои имтиёзнок пешбинӣ мекунад. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Моддаи 46. Ҳуқуқи молу мулкии муассисаҳои маориф
Молу мулки муассисаҳои маориф имкон доранд бо қарори муассисон ба ихтиёрдории онҳо супорида шавад.
Муассисаҳои давлатии таълиму тарбия ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молу мулки давлатӣ соҳибӣ кунанд, онҳоро истифода баранд ва ихтиёрдорӣ намоянд.

Моддаи 47. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ  бо хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ ва аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:
барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;
омӯзиши амиқи мавзӯи дарсҳо, агар чунин омӯзишро намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;
дигар намудҳои таълим берун аз стандарти давлатии таҳсилот.
Маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ мепардозанд.
Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии давлатӣ падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) метавонанд барои таъмири ҷории синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва хариди таҷҳизоти таълимии зарурӣ маблағҳои ихтиёрӣ ҷудо кунанд. Маблағҳои ихтиёрӣ бо қарори кумитаи падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар асоси сметаи хароҷоте, ки муассисаи  таълимӣ пешниҳод мекунад, тавассути кассаи муассисаи таълимии мазкур бо мақсад истифода мешаванд.
Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз хонандагон ва падару модарони онҳо  (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) манъ аст.
Ба омӯзгорони ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолияти пулакии омӯзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар асоси шартнома иҷозат дода мешавад. Андоз аз даромади чунин навъҳои фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳақ доранд, ки дар асоси шартнома аз хонандагону тарбиягирандагон барои хизматҳои таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла барои таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот маблағ гиранд.
Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии мазкур фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида намешавад, дар сурате, ки агар даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванду такмили таълиму тарбия, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута сарф карда шавад.
Муносибати байни муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва хонанда, тарбиягиранда, падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномае, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андозаи музди меҳнат, пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 48. Заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ
Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ биноҳо, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволе, ки таҳти идораи оперативии муассисаҳо мебошанд, дохил мешаванд.
Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси принсипи афзалиятнокӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида рушд меёбад.
Заминаи моддию техникӣ-биноҳо, иншоот ва амволи муассисаҳои таълимиро ба мақсадҳои хилофи вазифаҳои асосии онҳо, раванди таълиму тарбия ва фаъолияте, ки Оинномаи онҳо пешбинӣ накардааст, истифода бурдан манъ аст.
Қитъаи замини мавриди истифодаи муассисаю ташкилотҳои системаи маориф ба онҳо беподош ва бемӯҳлат дода мешавад.

Моддаи 49. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон
Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ тайёр карда мешаванд.

Моддаи 50. Фонди таълим
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ имкон дорад фонди таълим таъсис дода шавад.
Фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои эҳсонкории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъсис мегардад.
Фонди таълим барои таъмини талаботи моддӣ ва истеъмолии хонандагони оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии моддӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию маънавӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.

Моддаи 51. Эҳсонкорӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия манзилгоҳ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намоянд, ба таври хайрия китоб, амвол ва маблағ диҳанд. Муассисаҳои таълиму тарбия метавонанд хайрияро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванду такмили  таълиму тарбия истифода баранд.

Моддаи 52. Ҳифзи тандурустӣ, ташкили хӯрок ва хизматрасонии маданӣ дар системаи маориф
Муассисаи таълимӣ шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими тандурустии хонандагону тарбиягирандагон нигаронида шудааст, муҳайё месозад.
Муассисаҳои таълимӣ ҳақ доранд хӯроки хонандагону муаллимон ва дигар кормандони соҳаи омӯзгориро мустақилона аз ҳисоби маблағҳои дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, соҳибкорон, роҳбарони ташкилотҳо  метавонанд дар ташкили хӯроки ройгон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хӯроки имтиёзнок барои хонандагони муассисаҳои ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ кӯмак расонанд.
Мақомоти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маориф роҳбарӣ мекунанд, ба муассисаҳои таълиму  тарбия барои инкишофи ҷисмонии хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ёрии зарурӣ мерасонанд.
Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ, инкишофи маънавӣ ва бехатарии шароити таълиму тарбияи хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳо, мақомоти давлатии идораи маориф, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф, мақомоти идораи тандурустӣ ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.
Хизматрасонии тиббӣ барои кӯдакону наврасони ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ ройгон аст.

БОБИ 6.
Робитаҳои байналмилалӣ дар системаи маориф

Моддаи 53. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои соҳаи маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф ҳуқуқ доранд бо муассисаю ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.
Таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои мустақиле, ки муассисаю ташкилотҳо, мақомоти идораи маориф, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои муассисаҳои таълимӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебанданд, сурат мегирад.

Моддаи 54. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои маориф, муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқи  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
Муассисаҳои таълимии дорои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби сомонӣ ва асъорӣ кушоянд.
Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаи таълимӣ ворид мешавад, бо ҳуқуқи соҳибмулк ба ӯ тааллуқ дорад ё дар ҳуқуқи оперативии истифодаи он қарор мегирад ва онро бидуни иҷозати муассисаи мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимӣ, инкишофи заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи омӯзгорӣ истифода бурда мешавад.
Муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.

Моддаи 55. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 56. Аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “”Дар бораи маориф’’
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 “”Дар бораи маориф’’ (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 1, мод. 30; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22, мод. 272; с. 1996, № 23, мод. 360; с. 1997, № 9, мод. 117, фасли III; с. 2003, № 12, мод. 690)’’ аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 57. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе  17 майи соли 2004
№ 34

Автор: Сармаъмур
Категория:

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда,
худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озод
ӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,
баробарҳуқуқ
ӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,
бунёди
ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН  МЕНАМОЕМ.

Боби  якум

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Моддаи 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Моддаи 2

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Моддаи 3

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Моддаи 4

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Моддаи 5

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 8

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 10

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Моддаи 11

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

Моддаи 12

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Моддаи 13

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Боби дуюм
ҲУҚУҚ, ОЗОД
Ӣ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Моддаи 15

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 16

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

Моддаи 17

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 18

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

Моддаи 19

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Моддаи 20

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

Моддаи 21

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

Моддаи 22

Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Моддаи 24

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

Моддаи 25

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 26

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Моддаи 27

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

Моддаи 28

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

Моддаи 29

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 31

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

Моддаи 33

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Моддаи 34

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Моддаи 35

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 36

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 37

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 38

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 39

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Моддаи 40

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.

Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

Моддаи 41

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 42

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Моддаи 43

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 44

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

Моддаи 45

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 46

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад.

Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

Моддаи 47

Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.

Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Боби сеюм

МАҶЛИСИ ОЛӢ

Моддаи 48

Маҷлиси Олӣ–парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 49

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Моддаи 50

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 51

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 52

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Моддаи 53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.

Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Моддаи 54

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Моддаи 55

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:

1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;

2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода;

3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;

4. Таъини интихоботи Президент;

5. Қабули истеъфои Президент;

6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;

7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯйи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Моддаи 56

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;

2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;

3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;

4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;

5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Моддаи 57

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;

3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

6. Таъини раъйпурсӣ;

7. Таъсиси судҳо;

8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;

9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;

11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

12. Муайян намудани маоши Президент;

13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

Моддаи 58

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Моддаи 59

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Моддаи 60

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

Моддаи 62

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз муҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

Боби чаҳорум

ПРЕЗИДЕНТ

Моддаи 64

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 65

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 66

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.

Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.

Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 67

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Моддаи 69

Салоҳияти Президент:

1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;

2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;

3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;

4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;

6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;

7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;

9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;

10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;

11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;

12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад;

13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;

14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;

15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;

17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;

19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;

20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;

21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;

23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;

24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;

25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;

26. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;

27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;

28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;

29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Моддаи 70

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Моддаи 71

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 72

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

Боби панҷум

ҲУКУМАТ

Моддаи 73

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон,фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 74

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.

Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.

Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти муътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.

Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 75

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Боби шашум

МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ

Моддаи 76.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Моддаи 77

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Моддаи 78

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.

Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.

Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

Моддаи 79

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист.

Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Моддаи 80

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

Боби ҳафтум

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Моддаи 81

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

Моддаи 82

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Моддаи 83

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Боби ҳаштум

СУД

Моддаи 84

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.

Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

Моддаи 85

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.

Моддаи 86

Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад.

Моддаи 87

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Моддаи 88

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.

Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 89

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Салоҳияти Суди конститутсионӣ:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

Моддаи 90

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 91

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

Моддаи 92

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.

Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

Боби нуҳум

ПРОКУРАТУРА

Моддаи 93. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Моддаи 94. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

Моддаи 95. Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 96. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Моддаи 97. Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Боби  даҳум

ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

Моддаи 98. Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Моддаи 99. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

Моддаи 100. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Муқаррароти интиқолӣ

1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.

3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.

4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 604
тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250, №251, аз 30.11.2007 № 569, №601, аз 31.10.2008 № 533, №534, аз 1.07.2010 № 347, аз 1.02.2011 № 25, аз 04.07.2012 № 350, аз 31.08.2012 № 473, аз 30.03.2013 № 144, аз 9.08.2014 № 536, № 537, аз 3.07.2015 № 450, аз 25.09.2015 № 571, аз 30.12.2015 № 821)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати фарҳанг) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф, назорати риояи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № № 347).

2. Вазорати фарҳанг танзим ва назорати фаъолияти сохторҳои тобеи худро ба роҳ мемонад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347).

3. Вазорати фарҳанг дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Вазорати фарҳанг вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар маҳалҳо тавассути сохторҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ месозад.

II. ВАКОЛАТҲО

5. Ваколатҳои асосии Вазорати фарҳанг;

а) Пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- иҷрои вазифаҳои тақсимгар ва қабулкунандаи асосии маблағҳои буҷети давлатӣ;

- ташкили қабули шаҳрвандон, таъмини саривақтӣ ва мукаммали ҷавоби муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, қабули қарорҳо нисбати муроҷиати онҳо ва ирсоли ҷавоб ба аризадиҳандагон тибқи муқаррарот;

- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- таъмини омодагӣ ҷиҳати сафарбаркунии Вазорати фарҳанг, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тобеъ оид ба тайёрӣ барои сафарбаркунӣ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии мамолики хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият;

- мукаммалгардонӣ, ҳифз, баҳисобгирӣ ва истифодабарии асноди бойгонии Вазорати фарҳанг мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи муқаррарот таъсиси нишонҳои ифтихорӣ, мукофотҳои соҳавӣ барои сарфарозгардонии шаҳрвандон дар доираи салоҳият (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.07.2010 № 347);

- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ, молиявӣ, инвеститсионӣ ва инноватсионӣ;

- инкишоф ва ҳамоҳангсозии робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, аз ҷумла дар асоси ҳамкориҳои байниидоравӣ дар доираи салоҳияти худ;

- намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байниҳукуматӣ, байналмилалӣ ва таъмини ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг;

- тибқи тартиби муқарраргардида баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба имзо расонидани шартномаҳои давлатӣ барои ҷойгир кардани фармоишҳо;

- ташкили назорати иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ҳифз, тармим ва истифодаи иншоотҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ, воридот ва содироти арзишҳои фарҳангӣ, матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма, табъу нашр аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррарот таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил ва танзими ҳуқуқии соҳаҳои фарҳангу матбуот ва дар ин замина расонидани ёрии методї ва ҳуқуқӣ ба сохторҳои тобеъ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № № 347);

- якҷоя бо макомоти дахлдори давлатӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати дар хориҷа паҳн кардани нашрияҳои даврии ватанӣ ва дигар маҳсулоти воситаҳои ахбори омма;

- таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба саҳҳомӣ ва хусусигардонии ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба мақомоти дахлдор;

- таҳия ва ирсоли пешниҳодҳо оид ба таъмини интишори мавод дар соҳаи фарҳанг, санъат, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи хуқуқҳои муаллиф ва мероси фарҳанги миллӣ, мусоидат ба ташкили нашри ин маҳсулот ба забонҳои хориҷӣ барои паҳн намудан дар хориҷа (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № № 347);

- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Вазорати фарҳанг;

- татбиқи тадбирҳои дигар дар соҳаи фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф ва мероси фарҳанги миллӣ, ки мухолифи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои хуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 821);

б) Фароҳам овардани шароити ҳифз ва рушди фарҳанги халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии эҷодиёт, фаъолияти фарҳангӣ, қонеъ гардондани ниёзҳои маънавӣ, ширкати озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва алоқамандии онҳо ба арзишҳои фарҳангии ватаниву ҷаҳонӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи асосҳои ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ;

- фароҳам овардани шароит барои ҳифз, эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ба ин мақсад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаҳои мақсадноки рушди соҳа;

- расонидани кӯмак тавассути ташкил намудани намоишу озмунҳо, музояда ва фурӯши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин соҳа;

- дастгирӣ намудани таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дигар ташкилотҳо;

- мусоидат ба инкишофи фароғати маданӣ, таъмини фаъолияти гуногунҷабҳаи фарҳангӣ-фароғатии табақаҳои мухталифи аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии ҳифз ва инкишофи фарҳанг;

в) Андешидани чораҳои мушаххас барои таҳия, такмилу танзими сиёсати репертуарии театрҳо ва гуруҳҳои эҷодии касбӣ, фаъолияти самарабахши онҳо ва баланд бардоштани сатҳи санъати касбӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бобати таҳкими равобити байналмилалии фарҳангӣ, ташкили сафарҳои эҷодии гуруҳҳои ҳунарӣ, театрҳои касбӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳо, фестивалҳо, озмунҳои байналмилалӣ;

- таъмини дастгирии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити ҳифз, инкишоф ва такмили санъати касбӣ;

г) Татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҷодаи ҳифз, оммавигардонӣ ва истифодаи мероси таърихӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини баҳисобгирии давлатӣ, истифодаи мавод, асноди ибтидоӣ, баҳисобгирии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои муҳити таърихӣ-шаҳрсозӣ;

- банақшагирӣ ва ташкили корҳо оид ба омӯзиш, таъмир, тармим, истифода, консерватсия ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва тарғиби онҳо;

- танзими лоиҳакашӣ ва эъмори муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва лавҳаву сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- банақшагирӣ ва пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои ворид намудан ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ;

- таъмини пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омории мероси таърихӣ-фарҳангӣ тибқи муқаррарот;

д) Ташаккул ва таъмини фаъолияти низоми таҳсилоти махсуси касбӣ;

- андешидани чораҳои мушаххас барои дарёфти истеъдодҳои нодир, дастгирии моддию маънавии онҳо, тарбия ва ба воя расонидани режиссёрон, рассомон, мунаққидон, дизайнерони театрҳои касбӣ ва барномаҳои театрикунонидашуда, мутахассисони зарурӣ барои оркестрҳои симфониву камеравӣ ва ташкилотҳои табъу нашр;

- ташкили тадбирҳо оид ба таълим, такмили ихтисос ва истифодаи оқилонаи кадрҳои соҳа;

- роҳбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии соҳа;

- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва баргузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ кардани комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ватаниву хориҷӣ дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, фароғати маданӣ, матбуот, табъу нашр, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муаллиф (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № № 347);

е) Таҳия ва татбиқи тадбирҳо вобаста ба дастгирии давлатии соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста;

- мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф;

- намояндагӣ дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муаллифонони ватаниву хориҷӣ ва ворисони онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намудан ҳангоми имзои шартномаю созишномаҳо (вогузор намудани ваколат) ва бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида барои дар хориҷи кишвар истифода намудани асарҳои муаллифоне, ки аз тарафи ҳуқуқҳои муаллиф ҳифз мегарданд;

- иштирок дар тайёр намудан ва имзои созишномаҳо, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муштараки ҳуқуқҳои муаллифон, бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои узви созишномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф бастани шартномаҳои соҳавӣ;

- ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти ҳақки қалами муаллифони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ то таъсис намудани идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон;

- мусоидат дар таъсиси идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон дар назди соҳаи ҳукуқи муаллифи Вазорати фарҳанг;

ё) Татбиқи сиёсати давлатии илмӣ-техникии инвеститсионӣ, сохторӣ ва барномаҳои соҳавӣ оид ба рушди нашриёт, ташкилотҳои савдои китоб, корхонаҳои полиграфӣ, матбуоти даврӣ;

- ҳамоҳангсозии рушди шабакаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ташкилотҳои табъу нашр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бо васоити ахбори оммаи давлатҳои дигар;

- татбиқи сиёсати демократикунонии воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам сохтани шароит барои таъсис ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои табъу нашри мустақил;

- расонидани кӯмаки методӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба ташкилотҳои табъу нашр ва матбуоти даврӣ ҷиҳати мутобиқшавии онҳо ба шароити иқтисоди бозорӣ;

- мусоидат ҷиҳати ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ барои тоҷикони бурунмарзӣ;

- ҳамкорӣ бо агентиҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ва матбуоти даврӣ бо мақсади интишори ахбори воқеӣ роҷеъ ба вазъи дохилӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ;

- омӯзиши ҷараёни ахбори омма, хусусиятҳои таъсири он ба афкори умум, муайян кардани талаботи гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ оид ба рушди шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма;

- ташкили низоми маълумотӣ-иттилоотӣ оид ба масоили матбуот ва иттилоот;

- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои дигар дар соҳаи матбуот, полиграфия, нашру тавзеи китоб ва ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;

Ж) Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347)

з) Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани дигар вазифаҳо.

6. Вазорати фарҳанг дар доираи салоҳияти худ мақомоти марказии иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои санъат, фарҳанг, мероси таърихӣ-фарҳангӣ, табъу нашр, озодии матбуот мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347).

7. Вазорати фарҳанг тибқи муқаррароти мавҷуда хуқуқ дорад:

- бо розигии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳо таъсис диҳад ва аз нав ташкил намояд;

- дар асосҳои ҷамъиятӣ барои машварат экспертҳо ва мутахассисон, ҳамчунин муассисаҳои илмӣ ва олимонро, аз ҷумла аз хориҷа ба таври шартномавӣ ҷалб намояд, дар мавриди зарурат комиссияи муваққативу доимӣ, шӯроҳои ҳамоҳангсозиву экспертӣ, коллективҳои эҷодӣ ва гурӯҳҳои кориро ташкил дихад;

- нусхаҳои ҳатмии ройгони нашрияҳои давриро гирад;

- дар ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар фондҳои мақсаднок бобати муайян кардани ҳаҷми маблағгузории соҳа ширкат варзад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳукуқиро оид ба танзими ҳуқуқии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд, хулосаҳоро оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ пешниҳод созад;

- оид ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот изҳороти расмӣ диҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- фаъолияти китобхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг созад;

- назорати давлатии ҳолат ва ҳифзи нигораву коллексияи осорхонаҳоро, ки ба фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба роҳ монад;

- дар асоси хулосаи ташхиси илмӣ ба тариқи харид, инчунин аз ҳисоби бозёфтҳои нави бостоншиносон фонди осорхонаҳоро мукаммал гардонида, барои хифз ва истифодаи дурусти онҳо тадбирҳо андешад;

- ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намояд;

- дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо, шартномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ширкат намояд, онҳоро ба имзо расонад;

- Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347).

- татбиқи ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат таъмин намояд;

- аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ахбороти заруриро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорати фарҳанг дархост ва дастрас намояд;

- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ва ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия шуда, ки ба масъалаҳои фарҳанг, санъат, матбуот, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ иртибот доранд, хулоса диҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- баҳри татбиқи вазифаҳои вазорат конференсия, мулоқот ва семинарҳо, дигар чорабиниҳои ташкилӣ, илмӣ ва таълимиро баргузор созад;

- намояндагон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, экспертҳоро барои машварат ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили онҳо, омода намудани пешниҳод барои ирсол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои Вазорати фарҳанг ҷалб намояд;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои табъу нашр, матбуоти даврӣ, савдои китоб, фарҳангу фароғат, санъат, гуруҳу дастаҳои ҳунарӣ, таълимгоҳҳои соҳавиро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият ба ҳисоб гирад ва фаъолияташонро ҳамоҳанг созад;

- сафарҳои эҷодии театрҳо, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи ҷумҳуриро ба хориҷа ва сафарҳои эҷодии театрҳо, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳидаи хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳанг ва танзим намояд;

- оид ба беҳдошт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-дилхушкунанда, сабти овоз ва фурӯши аудио-видеосабтҳо чораҷӯї намояд;

- нашрияҳои чопӣ таъсис диҳад ва тибқи муқаррарот фаъолияти ношириро ба роҳ монад;

- ваколатҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Вазорати фарҳанг дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳақ надорад вазифаи назорат, инчунин вазифаи идораи амволи давлатиро, ғайр аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд.

Маҳдудияти дар сархати якуми банди мазкур муқарраршуда ба салоҳияти Вазир оид ба идораи амволи ба Вазорати фарҳанг бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста кардашуда, ҳаллу фасли масъалаҳои кадрӣ ва масъалаҳои ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг ва сохторҳои тобеи он дахл надоранд.

Ҳангоми татбиқи танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият Вазорати фарҳанг ҳақ надорад вазифа ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳақ надорад, барои татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти муқаррар намудани чунин маҳдудиятҳо бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуќӣ мустақиман пешбинї шудаанд, маҳдудиятҳо муқаррар намояд.

9. Вазорати фарҳангро Вазир, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, сарварӣ менамояд.

Вазир барои иҷрои ваколатҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ба Вазорати фарҳанг гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Вазир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

10. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба фаъолияти Вазорати фарҳанг роҳбарӣ менамояд;

- иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои фаъолияти системаи соҳа ташкил ва таъмин менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои салоҳияти Вазорати фарҳанг пешниҳод менамояд;

- Вазорати фарҳангро дар муносибати тарафайн бо ашхоси ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияташ фармон ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо барои ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ҳатмист ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- вазифаҳоро байни муовинон тақсим намуда, доираи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;

- низомномаи сохтори дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Вазорати фарҳанг ва оинномаҳои ташкилоту муассисаҳои системаро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва муовинони роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорати фарҳанг ҳаллу фасл менамояд;

- ҷадвали корбасти дастгоҳи марказиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- шумора ва музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳ доштани он дар доираи маблағҳои барои давраи муайян дар буҷет пешбинишуда тасдиқ мекунад;

- нақшаи солонаи кор ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг, ҳамчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ мекунад;

- аз рӯи дархости роҳбарони системаи Вазорати фарҳанг лоиҳаи пешниҳодро оид ба шумораи ҳадди ақал ва фонди музди меҳнати кормандон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- пешниҳодҳоро оид ба ташаккули лоиҳаи буҷети давлатӣ вобаста ба таъмини молиявии фаъолияти Вазорати фарҳанг ва ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мекунад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 5 Низомномаи мазкур нишон додашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- қарорҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф будаи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳангро, дар сурати тартиби дигари бекор кардани қарор аз ҷониби қонун муқаррар нашуда бошад, бекор мекунад;

- аз рӯи пешниҳоди роҳбарони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати фарҳанг муовинони онҳоро, саркоргардон, роҳбари бадеӣ, сармуҳандис ва сармуҳосиби ташкилоту муассисаҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347);

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказиро ба вазифа таъин ва озод менамояд;

- тибқи муқаррарот кормандони дастгоҳи марказӣ ва системаи Вазорати фарҳангро барои сарфарозгардонӣ бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- фармоишҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Вазорати фарҳанг фармонҳои хусусияти меъёринадошта интишор мекунад;

- фаъолияти Вазорати фарҳангро бо вазоратҳо ва идораҳои дахлдор, ки ба салоҳияти якҷояи онҳо мутааллиқанд, ҳамоҳанг месозад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро татбиқ менамояд.

11. Дар Вазорати фарҳанг ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ аз рӯи вазифа, сардорони сарраёсат, раёсат ва шӯъбаҳои пешбар, арбобони фарҳанг, олимон ва мутахассисони соҳа шомил мешаванд. Шумора ва ҳайати шахсии ҳайати мушовара ба истиснои Вазир ва муовинони ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои мунтазами худ масъалаҳои асосии рушди соҳа ва дигар масъалаҳои фаъолияти вазоратро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони Вазир амалӣ мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347).

Дар мавриди ихтилофи назар байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара Вазир қарори худро татбиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтилофи назар гузориш медиҳад, дар навбати худ аъзои ҳайати мушовара метавонанд назари хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

12. Дар Вазорати фарҳанг дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкили шӯроҳои илмӣ-методӣ, мусиқӣ, бадеӣ, адабӣ, иттилоотӣ, экспертӣ, техникӣ ва амсоли инҳо мумкин аст. Таъмини ташкилӣ-техникии онҳоро дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг татбиқ менамояд. Низомнома дар бораи шӯроҳо ва ҳайати шахсии онҳоро Вазир тасдиқ менамояд.

13. Маблағгузории фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигоҳдошти он равона шудаанд, сурат мегирад.

14. Вазорати фарҳанг шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мӯҳру штамп, бланкаи намунаи муқарраршуда ва суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби арзӣ дар хазинадории Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

15. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34 мебошад.

Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 604
тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 347)

Раёсати санъат

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Раёсати табъу нашр ва матбуот

Шӯъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Шӯъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Бахши танзими техникӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 473)

Шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи ҳуқук, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста

Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи идоракунии корҳо ва назорат

Шӯъбаи аудити дохилӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 821)

Замимаи 3

Бо карори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ

идоракунии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои /шӯъбаҳои/ фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо

"Муассисаи давлатии "Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 №
534)

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 604

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов"

Муассисаи давлатии "Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак"

Муассисаи давлатии "Сирки давлатии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"

Муассисаи давлатии "Маркази эҷодии "Илҳом"

Муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо"

Муассисаи давлатии "Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода"

Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон"

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.08.2014 № 536)

Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар"

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.08.2014 № 537)

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ"

Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 569)

Муассисаи давлатии "Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии "Ҳулбук"

Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб"

Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор"

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот"

Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008 № 533)

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2015 № 450)

Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Буйдоқов"

Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 251)

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ" ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2007 № 250)

Муассисаи давлатии "Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб - Хонаи Китоби Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Коллектори ҷумҳуриявии китобхонаҳо"

Муассисаи давлатии "Сарредакцияи илмии Энциклопедияи миллии тоҷик"

Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ"

Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Шарифобод"

Муассисаи нашриявии "Ирфон"

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2012 № 350)

Муассисаи нашриявии "Адиб"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Чашма"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Фирӯза"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Истиқбол"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Маҷаллаи "Хорпуштак"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Анбоз"

Муассисаи давлатии "Рӯзномаи "Баҳори Аҷам"

Муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2012 № 350)

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Матбуот"

Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Санадвора"

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб"

Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсолии матбааҳои шаҳри Хоруғ

Корхонаи вохиди давлатии истеҳсолии матбааҳои шаҳри Қӯрғонтеппа

Корхонаҳои воҳиди давлатии матбааҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ

Корхонаи воҳиди давлатии матбааҳои вилояти Суғд

Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии ёдгориҳо ва таҷхизоти ғайристандартӣ

Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмон

Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳмонхонаи "Фарҳанг"

Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии "Созтарош"

Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии лотореяи "Спринт"

Корхонаи воҳиди давлатии "Хизматрасонии биноҳои маъмурӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 601)

Муассисаи давлатии "Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ - Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.02.2011№ 25)

Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии "Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 144)

Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015 № 571)

2025 © МД "КОЛЛЕҶИ САНЪАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НОМИ А.БОБОҚУЛ" All Rights Reserved.