734012, ш. Душанбе,
кӯчаи Умед,27

http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0485gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0185gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0585gk-is-118.jpglink
http://www.college-bobokulov.tj/modules/mod_image_show_gk4/cache/0785gk-is-118.JPGlink
0 1 2 3
Progress bar
Э Ъ Л О Н: +++ +++
Автор: Сармаъмур
Категория:

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини зардуштӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврони куҳан панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ҷашни Садаро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ин ҷашн низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе сарчашмаҳо Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва баъзе таърихнигорон мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят, гӯё чун адади фарзандони Каюмарс ба сад мерасад, ҷашни бузург барпо мекунанд ва оташи фаровон афрӯхта, дар атрофи он ҷашни бузург созмон медиҳанд ва онро Сада меноманд.

Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро ишора намудааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи золим ва мардумозор буд, ҳар рӯз ду нафар шахсони бегуноҳро ба шаҳодат мерасонд, аз мағзи сари онҳо барои морони китфи ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил — вазири Беварасп, яъне Заҳҳок, ҳар дафъа як нафари он бегуноҳонро беосеб нигоҳ дошта, ба ивази он гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Ва шахсони наҷотдодаашро дар куҳи Дамованд пинҳон менамуд. Ва замоне, ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб намуд, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Армоил шоҳро аз ин кори некаш иттилоъ дод. Ҷиҳати рост будани баёноти Армоил бо хоҳиши ӯ ашхоси аз марг наҷотёфта шабҳангом ҳар кадоме дар куҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ки адади оташҳо ба сад расид. Ҳамин тавр, бо сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ, ҷашне баргузор намудани шоҳ Фаридун ва номи ин ҷашнро Сада гузоштан ва ба расмият даромадани ин ҷашнро сарчашмаҳои адабиву таърихӣ иттилоъ медиҳанд.

Шоири қасидасарои қарни XI — Унсурӣ шаби ҷашни Садаро мисли куҳи Тӯр равшан тасвир намудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин ин шаб гӯё Куҳи Тӯр аст,

К—аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ, дар даврони бостон, хосатан дар аҳди Сомониён, барои бошукуҳу шаҳомат баргузор намудани ҷашни Сада дар талу теппа ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро ҷамъ карда, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастаанд. Дар болои ҳезум ва маводи сӯхт парандаҳои гуногунро аз пояшон баста мемондаанд. Чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекардаанд ва бо сими борик ба пойҳову гардани парандагон овезон мекардаанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекардаанд. Чормағзҳоро даргиронда, парандаҳоро раҳо менамудаанд. Шаби тор равшан гардида ва аз ин мардумон хеле шоду масрур мешудаанд.

Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада дастаҷамъии мардум ё ба таври ҳашар омодагӣ дидан ба пешвози ҷашни Сада мебошад. Дар гузашта барои ҷашн ҳезум ва анвои дигари лозимаро дастаҷамъона анҷом медоданд. Ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон, агар худашон ҳезум гирд оварда натавонанд, ба дигарон пул медоданд, то эшон ин корро ба анҷом расонанд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро бо як шодмонии тамом таҷлил намоянд. Ба ақидаи мардум, дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, мардум Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» ҷашн мегирифтанд ва оташ афрӯхта, моддаҳои хушбӯй бухор мекарданд, ки аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад.

Абӯрайҳони Берунӣ дар ҷои дигар иттилоъ медиҳад: «Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб», яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд (баробари аввали феврал то 20-уми март) ва панҷоҳ шабонарӯз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Оид ба ин муддати фарорасии ҷашнҳои Садаву Наврӯз шоири қасидасаро Манучеҳрии Дамғонӣ чунин гуфтааст:

Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш

Ҷашни Сада талояи Наврӯзу навбаҳор.

Тавре ки ишора рафт, бегумон сабаби аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи Оташ аст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи ривояти Ҳушанг, шоҳи сулолаи Пешдодиён мори сиёҳ рамзи Аҳриману зиштист, ки маргу нобудӣ меофарад. Оташи аҳурамаздоӣ ҳамин ки медурахшад, маргу бадиро ба дур меронад ва инсонҳоро аз касифию бадбахтӣ раҳоӣ мебахшад.

Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардуми мо пажуҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид, бар он ақида аст, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад ва шаби Садаро баландтарин шаби зимистон медонанд. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Мардумони эронитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши дигар ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ бештар ба корҳои кишоварзӣ ва хосатан боғдориву ғаллакорӣ иртибот дорад. Ба андешаи Е. Бертелс, И. Брагинский, Н. Кисляков, М. Андреев, М. Раҳимов, А. Неъматӣ, Д. Раҳимов ва муаллифони ин сатрҳо, ҷашни Сада на танҳо ҷанбаи ривоятиву достонӣ, балки нуҷумиву гоҳшуморӣ низ дорад. Ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, “Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст”. Ин оташро фурӯзон дорем ва ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем.

Дилшод УМАРОВ,

Насим ҚОДИРОВ,

докторантони (PJD) курси  1-уми ДДФСТ

Автор: Сармаъмур
Категория:

Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати театрӣ ва дар ин замина баланд  бардоштани касбияти ҳунармандони ин соҳа ҷалби устодони собиқадору пуртаҷриба ва масъул нақши калидӣ дошта, усули донишомӯзии онҳо замина мегузорад, то донишҷӯён дар муддати таҳсил маҳорату малакаи касбиро азхуд карда, дар соҳаи интихобнамудаашон муваффақ гарданд.

   Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соли таҳсили 2019-2020  Артисти халқии СССР, доктори фахрии Россия ва Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессор Ҳошим Гадоро, ки  ба ҳайси мушовир дар факултаи санъати театрӣ фаъолият менамояд, ҳамзамон ӯро ба ҳайи роҳбари бадеии донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи санъати актёрӣ пазируфт.

   Устод  Ҳошим Гадо  муддати чор моҳ ба донишҷӯёни  курси 1-уми шуъбаи санъати актёрӣ дарси маҳорат омӯхт, ки  имрӯз  супурдани имтиҳони ихтисосии онҳо дар ҳузури Раёсати донишкада, намояндаи бахши илм ва муассисаҳои таълимии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Лутфулло — директори Муассисаи давлатии Театри академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, кормандони ВАО, устодон ва донишҷӯён   сурат гирифт.

   Имтиҳони донишҷӯён дар шакли барномаи ҳунарӣ омода гардида, аз ду қисмат —  Мӯрчаҳо, Суғурҳо, Сагҳо ва Подиум иборат буд.  Этюдҳои қисми аввал гурӯҳӣ дар синфхонаи маҳорати актёрӣ бо истифода аз ороиши хос ба мавзӯъ доир гардид, ки дар он шартҳои асосӣ: мушоҳида кардан- шунидан, дидан, бовар кардан ва омӯхтани характери ҳайвонҳо баръало ба чашм мерасид.

   Қабл аз оғози   қисми дувуми имтиҳон барномаи ҳунарӣ дар Театри таълимии донишкада, дар даромадгоҳи он  гӯшаи намоиши китоб  таҳти унвони «Осори илмӣ-таълимии Ҳошим Гадо»   ташкил  ва  ба маърази тамошо гузошта шуд.

   Имтиҳонӣ эҷодӣ бо иштироки доираи васеи   донишҷӯён ва устодони факултаҳои донишкада  пешкаш гардид. Маврид ба зикр  аст, ки профессор  Ҳошим Гадо   аз таҷрибаи корӣ дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик  истифода карда, ба донишҷӯён этикаи саҳнабароӣ, мавзуният, ҳаракат, нутқ ва маҳорати актёриро  дар зинаи баланди талаботи  фанни маҳорат омӯзондааст.  Дар ин барнома  роҳбари бадеии курс Ҳошим Гадо  то андозае тавонист бо факултаҳои санъати мусиқии мардумӣ ва мусиқӣ-омӯзгорӣ  ҳамкорӣ карда,  бо ин роҳ бархӯрдор будани донишҷӯёнро аз санъатҳои мусиқӣ таъкид дошт. Намоиши сарулибоси миллӣ, рақс ҳамчун ифодакунандаи мавзуният ва  хондани шеър дар васфи забони тоҷикӣ, ки қобилияти нутқи онҳоро муайян менамуд, дар ин қисмати барнома ҷой дода шуда буд. Барномаи ҳунарӣ- имтиҳони маҳортаи актёрии донишҷӯёни курси 1-ум бо зинда  хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

   Дар анҷоми имтиҳон бо таклифи шогирдон роҳбари бадеии курс, профессор Ҳошим Гадо ба саҳна баромада, ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмонро ба саҳна даъват намуд.

   Хайридин Усмонзода  аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар дар бораи тайёр намудани ҳунармандон барои Театри миллӣ, ки онро ба зиммаи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  гузоштаанд, ёдовар шуда, иҷрои ин супоришро  дар тарбияи  шогирдони боистеъдоди устод Ҳошим Гадо   нисбат дод.  Ҳамчунин, ба Давлатзода Лутфулло, директори Муассисаи давлатии Театри академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ барои дастгириаш дар ороиши саҳна, сарулибоси театрии донишҷӯён изҳори минатдорӣ намуд.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

 мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Автор: Сармаъмур
Категория:

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК, УСТОД
БАҲОДУР ДАВЛАТЗОДА!
 
    26-уми майи соли 2023 директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Давлатзода Баҳодур Давлат дар ҷаласаи Шурои навтаъсиси муштараки диссертатсионии 6D.КОА-70 назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзӯи «Таджикские щипковые хордофоны в системе национального ансаблево-оркестрового музицирования: этноорганологическое исследование» рисолаи номзадиро сарбаландона ҳимоя намуд. Мавриди зикр аст, ки роҳбари илмии устод Давлатзода Баҳодур, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи назарияи мусиқии Институти давлатии санъати ба номи З.Исмагилови шаҳри Уфа (Ҷумҳурии Бошқирдистони ФР) Рахимов Равиль Галимович мебошад. Маъмурияти муассиса директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Баҳодур Давлатзодаро ба муносибати бомуваффақона ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои санъатшиносӣ аз рӯи ихтисоси 17.00.02 – Санъати мусиқӣ табрику таҳният намуда, ба ӯ дар ҷодаи фаъолияту илм комёбиҳои назаррасро таманно менамояд.

Дастоварди арзишманди илмӣ муборак бод, устоди арҷманд! 

 

 

 

мувафақияти донишҷуёни коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов дар даври шаҳрии озмуни Тоҷикистон ватани азизи ман

Дастоварди Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар даври дуюми шаҳрии озмуни Ҷумҳуриявии "ТОҶИКИСТОН ватани азизи ман"

Лутфуллои Раҳматулло-Шоҳҷоиза дар жанри композиторӣ.

Сайдалиев Сорбон - ҷойи дуюм дар жанри композитори академӣ.

Муқимова Райҳона- ҷойи дуюм дар жанри навозандаи академӣ.

Бердиев Сапармурад - ҷойи дуюм дар жанри сурудхонии академӣ.

Одиназода Суҳроб - ҷойи дуюм дар жанри сурудхонии анъанавӣ.

Кенҷаев Муҳаммад ва Саидов Умед - ҷойи сеюм дар жанри навозандаи академӣ. 

Муродова Меҳриниссо ҷойи сеюм дар жанри навозандаи эстрадӣ

Инчунин аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 5 нафар донишҷӯёни Коллеҷ дар даври дуюми озмуни мазкур ғолиб омаданд. Дар умум 13 нафар аз Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, ба даври Ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Барояшон барору комёбиҳо хоҳонем. 

 

Ғолибияти донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дар озмуни байналмилалӣ

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки рӯзҳои 7 – 8 апрели соли 2022 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Башқортостони Федератсияи Россия Озмуни III – юми байналмиллалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ, таҳти унвони «ЙОНДОЗКАЙ» миёни хонандагони 15 – 17 сола бо сарпарастии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Башқортостон ва Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Уфа ба номи Загир Исмагилови Ҷумҳурии Башқортостони Федератсияи Россия тариқи Online баргузор гардид. 

Аз ҳисоби донишҷўёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур, дар сози думбра донишҷўи курси 1 – уми шуъбаи «Созҳои халқӣ» Рузафзуни Сангинбой, синфи омўзгор Зоирова Мадина иштирок намуд. 

 Боиси ифтихор аст, ки донишҷўи курси 1 – уми шуъбаи «Созҳои халқӣ» Рузафзуни Сангинбой дар озмуни байналмиллалии навозандагони Созҳои мусиқии анъанавӣ, таҳти унвони «ЙОНДОЗКАЙ» бо маҳорати баланди касбӣ иштирок намуда, бо гирифтани ҷои 1 – ум дар озмуни мазкур ғолиб омада, бо дипломҳои лауреати озмуни байналмалалӣ сарфароз гардонида шуд. 

Роҳбарияти Коллеҷ тасмим гирифтааст, ки пайваста дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро дар арсаи  байналмиллалӣ муаррифӣ намояд. 

 

 

             Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангию фароғатии “Парчами давлатӣ” баромади мутрибони Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Ахмад Бобоқулов” дар санаи 24 апрели соли 2021 баҳри фароғати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Бояд зикр намуд , ки чунин чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷ ҳар рӯзи шанбе баргузор хоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

 

        Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангию фароғатии “Парчами давлатӣ” баромади мутрибони Муассисаи давлатии “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Ахмад Бобоқулов” дар санаи 17 апрели соли 2021 баҳри фароғати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Бояд зикр намуд , ки чунин чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷ ҳар рӯзи шанбе баргузор хоҳад шуд. 

 

 

 

 

 

 

 Рӯзи 6.04.2021с дар Коллеҷи санъати ш. Душанбе ба номи А Бобоқулов, конфренсияи адабӣ- фарҳангӣ бо забони русӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгори фанни забони русӣ Караваева А.Т. баргузор гардид.

Дар конфренсия донишҷӯён ва устодони Коллеҷ  бо забони руси баромад намуданд ва дар охир роҳбаряти Коллеҷ ба донишҷӯён сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим намуданд. 

 

 

 

 

 

 

   Ёде  аз  хотираҳои  Артисти халқии Иттиҳоди Шўравӣ  Аҳмад Бобоқулов

 

Санаи 15 феврали соли 2021 Роҳбарияти Коллеҷи санъатӣ шаҳри душанбе  ба  номи  Аҳмад  Бобоқулов  баҳри 90-солагии Артисти халқии Иттиҳоди Шўравӣ  Аҳмад Бобоқулов як маҳфили адабӣ -консертӣ  баргузор намӯданд. Дар оғози маҳфил оид ба ҳаёт ва фаъолиятӣ Аҳмад Бобоқулов  аз ҷониби устодон ва донишҷўёни шуъбаи мусиқашиносӣ маърўзаҳо қироат карда шуданд ва аз ҷониби устодон ва донишҷўёни шуъбаи «Сурудхонӣ»(академӣ) сурудҳое, ки Аҳмад Бобоқулов  зам-зама  менамўд  суруда шуданд.

Ногуфта намонад,  ки  дар ин маҳфил наздикон  ва хешовандони устоди зиндаёд Аҳмад Бобоқулов,  инчунин устодон аз Консерватирия даъват шуда буданд. 

 

 

 

 

„Дӯсти бошад мароми ҷовидон!"

Санаи 27 сентябри соли 2020 дар Kитобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи „Дӯсти бошад мароми ҷовидон!" бо намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар  он директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Давлатзода Баҳодур давлат иштирок намуд.

 

 

  

  

 

 

Консерти ҳисоботӣ

Дар консерти ҳисоботии коллеҷ ки 20.04.2020 дар толори консерваторияи милли баргузор гардид 11 шуъбаи дар коллеҷ амалкунанда дастовардҳои худро пешкаш намуданд ки аз ҷониби мутахасисони соҳа хуб пазирувта шуд.

 

Сурат ва видёҳи ин консертро метавонед дар сомонаи @сollege_sanat дастрас намоед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Идат муборак модар.

 

Санаи 05 марти соли 2020, бахшида бв рӯзи модар аз ҷониби омӯзгори фанни забони англисӣ Ҳурматова Н. Ва донишҷӯёни коллеҷ як дарси кушода дар мавзӯи “Идат муборак модарам” гузаронида шуд. Донишҷӯён бо забони англисӣ шеърҳо хонданд  ва табрикот намуданд, ки ба муаллимони коллеҷ хело писанд омад. Дар охир аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ба донишҷӯёне, ки барои 8­-март расмҳо кашида буданд ифтихорномаҳо супорида шуд.

 

 

 

 

 

Вохури  кормандони мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати фарҳанг:

       28.02.2020 Имрӯз кормандони мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов вохӯрӣ анҷом доданд.Қобили зикр аст, ки кормандони мақомоти мазкур дар мавзӯи ҷавонон ва ташаккули худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ бо донишҷӯён суҳбат намуданд. 

 

 

 

   

 

Маҷлис:

        Санаи 24 феврали соли 2020 соати 14/00 дар  Муассисаи давлатии  «Коллеҷи санъати ш. Душанбе     ба номи А.Бобоќулов», таҳти роҳбарии директори Коллеҷ Давлатзода  Б. Д. Шурои омузгорон  баргузор     гардид. Дар Шуро масъалаҳои ҷамъбасти пурраи   сессияи зисмистонаи соли таҳсили 2019-2020,   санҷиши фаъолияти коргузорӣ ва  ҳуҷҷатнигорӣ дар шакли фанҳои ҷамъиятӣ ва шакли фанҳои мусиқӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.

 

 

 

  
 
 

  Озмуни алла

 Санаи 13.02.2020с. бахшида ба рўзи Модар ва “Солхои рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми” дар н.Шохмансури ш.Душанбе озмуни нохиявии “Суруди Модар-Алла” байни донишчўйдухтарон гузаронида шуд, ки гулдухтарони коллеҷ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.  

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
    
 
 
 
                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                   
 
 
 
 
 
 
 
 
                                                                                                                                                                                                                                          
                                  Санаи 12 феврали соли 2020 омӯзгорон ва  донишҷӯёни фаъоли муассиса дар чорабинии муҳими сиёсӣ, маҷлиси  вохури бо номзадҳо ва вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар коллеҷи техникии ба номи М.Осимӣ  баргузор гардид, ширкат варзиданд.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           

  

 

 

 

                                                                         

 
 
 
 

 

 

Ҷалалсаи назди директор

 

Санаи 10 феврали соли 2020 соати 14/00 дар Муассисаи давлатии «Коллељи санъати ш. Душанбе ба номи А.Бобоќулов», таҳти роҳбарии директори Коллеҷ Давлатзода Б. Д. ҷалалсаи назди директор баргузор карда шуд.

 

 

 

 

Ҳошим Гадо: заминаи кадрӣ барои театри милӣ     

 Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати театрӣ ва дар ин замина баланд  бардоштани касбияти ҳунармандони ин соҳа ҷалби устодони собиқадору пуртаҷриба ва масъул нақши калидӣ дошта, усули донишомӯзии онҳо замина мегузорад, то донишҷӯён дар муддати таҳсил маҳорату малакаи касбиро азхуд карда, дар соҳаи интихобнамудаашон муваффақ гарданд.…

 

 

 

  Сада ва чигунагии ҷашнгирии он

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи…

 

 

 

Ба мутолиаи китоб бештар таваҷуҳ бояд кард 

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре аст, ки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки…

Вохурии бо вакилон

Автор: Сармаъмур
Категория:

  Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре астки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамоядМиллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки дар тӯли таърих бегонагон борҳо осори адабӣ ва илмиву фарҳангии ниёгонамонро  ба оташ кашидаю тороҷ намудаанд. Таърих гувоҳ астки фарҳангу адабиёти миллати куҳанбунёди тоҷик аҷнабиёнро мафтун намуда, алайҳи мафкураҳои ҳоким   зафар ёфтаастОнҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омӯхтаонро эътироф карданд ва  дар давлатдории худ аз он истифода  намудаанд.  Ҳамзамон,  забони  моро  ҳамчун  забони давлатӣ ва коргузорӣ пазируфтаанд.

   Боиси ифтихору сарфарозист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳо, ба фарҳанг, аз ҷумла рушди китобу китобдорӣ  таваҷҷуҳи  хосса зоҳир карда мешавад. Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ  ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26   декабри соли 2019,  перомуни масоили вобаста ба китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа  китобҳои бадеӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

   Бо назардошти муҳимияти мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими  сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири пайомадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки «Дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд».

   Барои раҳоӣ аз ин вазъияти баамалома Сарвари давлат  роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки «бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».

   Воқеан, китоб  ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат  барои поку бегазанд нигоҳ  доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тавқият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии  ҳар як фард нақши бузург дорад. Пешвои миллат зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  4 сентябри соли 2007, иброз намуда буданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд  низ тадбирҳои судманд меандешад» ва афзуданд, ки минбаъд  ҳар  сол  санаи 4 сентябр  ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, даҳсолаи дуюм аст, ки Рӯзи китоб дар мамлакати  мо таҷлил ва дар доираи чорабиниҳои он Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе баргузор мегардад.

   Ин иқдоми Пешвои миллат  меҳр ба китоб ва завқу шавқи  китобхониро дар байни мардум афзун намуд. Ҷавононро ба омӯхтан ва азхуд кардани донишҳои замонавӣ водор сохт. Инро мо дар мисоли озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баръало эҳсос намудем. Дидем, ки то чи андоза наврасону ҷавонон ба мутолиаи  қитоб шавқу рағбати беандоза пайдо намудаанд.

   Ба андешаи мо,  мутолиаи китоб аз ҷониби падару модар дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила ва муассисаҳои таълимӣ дар бедор кардани шавқу рағбат ба китобхонию донишандӯзӣ нақши муҳим мебозад.  Албатта, дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки бо баҳонаҳои гуногун китоб намехонанд ё кам мехонанд. Ҳатто  иддае аз аҳли илму адабамон, ки вазифаи  асосиашон китоб  хондану  дониш андӯхтан аст, ба китоб камтар майл доранд. Ҳол он ки аҳли илму адаб ва фарҳанг танҳо тавассути омӯзиши муттасил дар соҳаи фарҳанг мавқеъ пайдо менамоянд. Ба назари мо, дар замони муосир фарҳангиён бояд беш аз пеш китоб хонанд, то мардум ба онҳо пайравӣ намоянду сабақ  гиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меоянд.

   Барои тақвияти андешаҳои боло овардани ин порчаҳои манзумро ба мақсад мувофиқ медонем:

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист,

Пуле миёни ману дурдасти зебоист,

Китоб хоҳари ман, модарам, бародарам аст,

Китоб мояи фахр асту тоҷ бар сарам аст,

Китоб хост, ки ман ҳам пур аз баҳор шудам,

Барои хотири ӯ як китобдор шудам.

Китобдор шудам, то аз ӯ ҷудо нашавам,

Дар ин замона ба ҳоли худам раҳо нашавам.

Китобдории ман эътибори ман шудааст,

Ҳувиятам  шуда, дору надори ман шудааст.

Тамоми доштаҳоям китобҳои мананд,

Китобҳои азизе, ки мисли ҷон ба тананд.

Худо зиёд кунад лутфи ин азизонро,

Шукуфаҳои китобу гули гулистонро.

   Дарвоқеъ, китоб беҳтарин рафиқ беҳтарин иршодгаре  маҳсуб меёбад, ки беғаразона маслиҳатҳои муфид дода, моро дар зиндагӣ ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Пас ҳамеша ҳамнишини ин ганҷинаи гаронмоя бояд буд ва ин неъмати нодирро ҳифз намуду арҷгузорӣ кард.

   Аз мушоҳида ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ки онҳо ташаббусу  иқдомҳои созандаи  Сарвари давлатро, ки зимни ироаи Паём манзур гардиданд, саривақтӣ ва барои таъмини рушди устувори кишвар,  мақоми  шоиста пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ бағоят муҳим арзёбӣ намуда, дар маҷмӯъ, Паёмро барномаи мукаммали рушди соҳаи фарҳангу ҳунар, аз ҷумла фаъолияти китобдорӣ меҳисобанд. Аз ин рӯ, мо – коргарон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷуёну докторантони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар раванди ташаккул ва рушди фарҳанги китобхониву китобдӯстии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус  ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.

Бозорбой  ХОЛОВ,

Зафари ШАРИФ,

устодони Донишкадаи давлатии

фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода

2025 © МД "КОЛЛЕҶИ САНЪАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НОМИ А.БОБОҚУЛ" All Rights Reserved.